<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>F</key>
<lyrics>[V1]
.Dm                   (Gm)             A7
 Дар ин дунёи беканор одамон нотавону зор,
. F                    Dm                    A7
 Ҷангу қаҳтию тӯфонҳо ҳайрон карданд пиру ҷавон.
. Dm                      (Gm)              A7
 Дилҳо дар вазъи изтироб, оянда гашта чун сароб,
. F               F   A                   Dm
 Абри тира дар осмон ғолиб омад бар ин ҷаҳон.

[C1]
.  F
   Оре, Масеҳ, бозгашт намо,
.  F            Gm
   Оромию умеди мо.
.  C                 F
   Равем бо Ту сӯи само.
.   A           A7                   Dm
   Оре, Масеҳ, оре, Масеҳ, бозгашт намо!

[V2]
 Фармони Ӯро бишнавед, Каломаш ҳар ҷо расонед,
 Фурсат набошад беш аз ин пеш аз зуҳури Тахтнишин.
 Фармон дод Ӯ - бедор шавед, интизорӣ ба сар расид,
 Сӯи абрҳо нигоҳ кунед, Писари Худоро бинед.

[V3]
 Ин аст умеди пурҷалол, к- Ӯ зуд ояд вақти малол,
 Пок намояд ашки ғамро зи чашмони гирёни мо.
 Ҷафоҳо поён пазиранд, шодиҳо ҷойгузин шаванд,
 Парвонавор ба даври Ӯ гардему болу пар занем.</lyrics>
<title>Дар ин дунёи беканор одамон нотавону зор Хд68</title>
<hymn_number>68</hymn_number>
</song>